воскресенье, 10 августа 2008 г.

Муллоӣ на касб асту масҷид на ҷои хӯрдан

Барои расидан ба исломи ноб мо бояд аз баъзе манфиатхои мувакатии худ, ки барои дин ва ояндаи давлату миллат хатар дорад даст кашем.мо чомеъаи имруза хануз дар зиндаги ва диндории худ мушкилихои зиёде дорем,ки мавчудиёти онхо чун канахои зери пуст Неру ва чисми ояндаи миллати Моро ба нобуди мебарад.вазифаи мухим ва аввалиндарача сари вакт дарк намудан ва пешгирии ин иллатхост.Бо кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон»баъзе аз ин дарду иллатхо ошкор гардидаанд ва мардум акнун суду зиёни онхоро хуб дарк карда,ахкоми шариатро ба чо оварда истодаанд.

Яке аз чунин кирдору илатхое,Ки сади рохи амали гардидани фармудахои худову Паёбар (С) дар зиндагии мардум мегардад,ин мулоиро касб кардану масчидро ба чои хурокхури табдил додани эшон аст.шояд дар назар шумо наонкадар маъсалаи бузург намояд,вале дар асл хатари вокеии он барои дин,миллат ва ояндаи давлат ба дарачае бузург аст,ки хатто ба истиклолияту амният ва инкишофи давлатдори низ латма хохад зад.

Комментариев нет: